Муҳофизи пешини Освентсим ба 5 соли зиндон маҳкум шуд

Райнҳолд Ҳаннинг

Муҳофизи пешини лагери Освентсим Райнҳолд Ҳаннинг рӯзи 17 июн аз сӯи як додгоҳи Олмон дар даст доштан дар куштори 170 ҳазор нафар айбдор ва ба мӯҳлати 5 сол маҳкум ба зиндон шуд.

Ҳаннинги 94-сола замони ҷанги дуввуми ҷаҳон дар лагери марги воқеъ дар қаламрави Лаҳистон хизмат мекард. Ба иттилои тафтишот, солҳои 1943-1944 ӯ дар кушторҳои оммавӣ дар лагери Освентсим ширкат дошт.

Ҳангоми мурофиаи додгоҳӣ вакили дифоъ эълом дошт, ҳузури Ҳаннинг дар ин лагер маънои онро надорад, ки ӯ масъули кушторҳост. Додситонҳо изҳор намуданд, ки Ҳаннинг метавонад барои ҳамкорӣ дар фаъолияти лагери Освентсим маҳкум ба зиндон шавад.

Райнҳолд Ҳаннинг дар лагер замони маҳви 425 ҳазор яҳудии аз Маҷористон истирдодшуда хизмат мекард. Тайи се моҳи соли 1944 ҳамаи онҳо дар Освентсим аз газ заҳролуд карда шуданд.