Путин рӯзи интихобот ба Думаи давлатиро муайян кард

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, фармон дар бораи рӯзи 18 сентябри соли равон баргузор кардани интихобот ба Думаи давлатиро имзо кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Кремл рӯзи 17 июн хабар дод.

Қарор аст, ки амр тули панҷ рӯз пас аз имзои раисиҷумҳур дар рӯзномаҳои ҳукуматӣ нашр шавад. Баъд аз ин маъракаи интихоботии федеролӣ оғоз меёбад, тавзеҳ кардааст Кремл.

Интихобот ба Думаи давлатии даъвати ҳафтум дар рӯзи ягонаи раъйдиҳӣ баргузор хоҳад шуд. Қарор аст, ки 225 вакил аз рӯи рӯйхати ҳизбӣ ва 225 вакил дар ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб шаванд.

Ба парлумон ҳизбҳое шомил мешаванд, ки садди панҷдарсадиро гузаштаанд – қаблан қонун гузаштан аз садди ҳафтдарсадиро муқаррар карда буд.

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, ба хабаргузории "Интерфакс" гуфт, ки Владимир Путин рӯзи 22 июн, дар охирин рӯзи кори ҳайати феълии парлумон, аз Думаи давлатӣ дидан мекунад.