7 кас дар Суғд ба ҷурми узвият дар "Ихвонулмуслимин" зиндонӣ шуданд

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 7 имом-хатиб ва ходимони масҷидҳои Суғдро бо ҷурми узвият дар созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи “Ихвонулмуслимин" ба зиндон равон кард. Ба гуфтаи як манбаи наздик ба тафтиши ин парванда, додгоҳ Мақсуд Урунов, имом-хатиби масҷиди марказии шаҳри Конибодом, муовини вай - Аббос Абдураҳмонов ва хатиби ин масҷид - Ҳусейн Тухтаев, ҳамчунин Абдуҷамил Юсуфӣ, имом - хатиби масҷиди марказии ноҳияи Ғафуров, Сулаймон Болтуев, имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Гулистон (Қайроққум), Ҳамзаалӣ Султонов, имом-хатиби пешини масҷиди “Тақво”-и шаҳри Хуҷанд ва Маҳдӣ Болтаев, имом-хатиби масҷиди ҷамоти Навгилеми ноҳияи Исфараро аз 3 то 3 солу 4 моҳи зиндони низомаш сахт, маҳкум намуд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, шаш нафари аз онҳо хатмкардаи Донишгоҳи исломии шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ буда, дар охирҳои солҳои 90-и асри гузашта вориди ҳаракати динии “Ихвонулмуслимин” шудаанд ва то лаҳзаи боздошт ба ҳамин ақида устувор будаанд. Дар ин миён танҳо Маҳдӣ Болтаев мадрасаи исломии шаҳри Тошкандро хатм карда, шаҳрвандии ин кишварро низ доштааст.

Ин ходимони расмии дин моҳи марти соли ҷорӣ аз ҷониби нерӯҳои пулис дастгир шуда, тафтиши парвандаи онҳоро додситонии Суғд анҷом додааст. Таҳқиқи ин қазия зери муҳри махфӣ ҷараён дошт ва ба толори мурофиа аз ҷониби айбдоршавандагон танҳо вакилони дифоъ роҳ дода мешуданд. Ҷузъиёти фаъолияти ходимони дини зиндонишуда ошкор нашудааст.

Файзинисо Воҳидова, вакили дифои Сулаймон Болтуев, имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Гулистон (Қайроққум) дар мусоҳибаи қаблиаш бо Озодӣ гуфта буд ки зерҳимояаш дар толори додгоҳ иқрор кардааст, ки воқеан узви созмони мазкр буд: “Вале ба гуфтаи худи онҳо, фаъолияташон фақат аз даъвати сокинон ба ислом иборат буд. Дигар ягон амале, ки барои тағйири сохтори конститутсионии Тоҷикистон ё даъват ба кинаву адовати диниву мазҳабӣ бошад, содир накардааст. Намозгузориву ақидаашон ҳам пурра аз рӯи мазҳаби ҳанафӣ будааст. Фақат мақсад гузошта будаанд, ки бо роҳи даъвати осоишта шумораи пайравон ва намозгузорони исломиро дар кишвари худ зиёд гардонанд."