Ташкилоти хурди қарзии “Имон Интернешнл” додани қарзҳои имтиёзнок ба маҳаллаҳо барои анҷоми корҳои иҷтимоӣ ва ободониро эълон кардааст. Ин дар ҳолест, ки масъулони идораҳои манзил аз сокинони биноҳои бисёртабақа моҳона “манзилпулӣ” ҷамъ меоранд, вале таъмиру тармими бинову атрофи онро бар дӯши худи сокинон вогузор кардаанд.
Намояндагии “Имон Интернешнл” дар Хуҷанд мегӯяд, барои анҷоми корҳои иҷтимоӣ дар маҳаллаҳо додани қарзи имтиёзнок аз 300 то 1 ҳазор сомониро ба роҳ мондаанд. Ба гуфтаи Равшан Солиев, аз масъулони ин ташкилот, қарзи “Ободии маҳаллаҳо”-ро аз 3 то 12 нафар сокинони маҳаллаҳо ба сурати дастаҷамъӣ дарёфт хоҳанд кард. Вай афзуд: “Имтиёзи асосии ин қарз бидуни гарав додани он аст. Дигар сабукиаш, бо фоизи солонаи 28 дарсад бо пули миллии сомонӣ дода мешавад. Ҳол он, ки ҳамаи бонкҳо барои таъмиру тармим бо суди солонаи 36-38 дарсадӣ ва он ҳам бо гарави чизи қиматнок, қарз медиҳанд.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Имон Интернешнл” ахиран дар ҳамдастӣ бо ҳукумати Хуҷанд ин шакли нави қарздиҳиро ба раҳбарони 22 кумитаи маҳаллаи шаҳри Хуҷанд муаррифӣ кардааст. Муқимҷон Қобилов, раиси кумитаи маҳаллаи “Шарқ” дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд: “Ин кори хуб. Чунки ҳар маҳалла ба чунин қарзҳо зарурат дорад. Аммо агар бо фоизи сабуктар ва илоҷаш бошад, бефоиз ба муддати дарозтар медоданд, беҳтар буд.”
Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун масъулияти таъмиру тармим ва ободонии атрофи биноҳои истиқоматӣ тақрибан пурра бар дӯши сокинон вогузор шудааст. Ҳарчанд ба таври моҳона сокинони хонаҳои биноҳои бисёртабақа ба идораҳои манзил ва андоз “хонапулӣ” ва “андози манзил” медиҳанд, ягон ниҳод масъулияти таъмиру тармими бинову атрофи онро бар дӯш надорад.
Маҳина Бобоҷонова, як сокини маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд мегӯяд: “Идораи нигоҳубини манзил (ЖЭУ) ҳар моҳ аз мо “пули манзил” мегирад, аммо ягон кор намекунад. Худамон пул ҷамъ карда, бому даромадгоҳро таъмир кардем. Касе аз масъулон ба мо дар тамос нест ё ки фақат барои гирифтани пули хона меоянд. Мо намедонем пуле, ки ЖЭУ аз мо ҷамъ меоварад, куҷо меравад? ”
Ба гуфтаи ин сокини Хуҷанд, иқдоми қарздиҳии "Имон Интернешнл" хуб аст, вале суди солонае, ки он талаб мекунад (28 дарсад), зиёд аст: “Мо барои таъмири даромадгоҳи хонаҳо бо чӣ азобе аз сокинон чандсад сомониро ҷамъ меорем. Агар аз бонк қарз гирему баъзе шарикон баъд аз пардохташ сарпечӣ кунанд, чӣ мекунем? ”
Вале Равшан Солиев, аз масъулони ТАҚҲ “Имон Интернешнл” дар Хуҷанд мегӯяд, дар ҳолати сарпечии баъзе аъзои гурӯҳи қарздор, ҳиссаи вайро бояд шариконаш пардохт намоянд.
Тоҷикистон аз солҳо ба ин тараф барои ислоҳи идораи манзилҳои бисёртабақа, талош дорад. Ҳанӯз соли 2009 дар кишвар қонун “Дар бораи нигаҳдории манзилҳои бисёрошёна ва мушоракати соҳибони манзил” қабул шуда, ки ба сокинон ба дасти худ гирифтани идораи ҳар биноро пешниҳод мекунад. Вале ин кор бисёр ба кундӣ пеш меравад.
Идораи манзилҳои бисёртабақа чун дар замони шӯравӣ ба дасти идораи манзил (ЖЕУ)-ҳост. Масъулони ин ниҳод аз сокинон ҳар моҳ “манзилпулӣ” ҷамъ меоранд, вале ягон кори таъмиру тармими биноҳоро анҷом намедиҳад. Вазифаи ин ниҳодҳо танҳо дар додани маълумотнома аз ҷои зист ва қайди ҷои зисти сокинон маҳдуд шудааст. Сокинон бом ва дару даромадгоҳи биноҳои бисёртабақаи аз давраи шӯравӣ таъмирнадидаи худро бо пули худ дуруст мекунанд.
Дар ин ҳол, пешниҳод шудани қарз барои адои корҳои иҷтимоӣ др маҳаллҳо ба сокинон аз сӯи таҳшкилоти қарздиҳии “Имон Интернешнл” - ро дар Хуҷанд бархе сокинон иқдоме дар роҳи ободонии маҳаллаҳо арзёбӣ мекунанд. Вале аз диди бархе дигар аз сокинон, ин кори бонк бо ҳадафи бардоштани фоида аз қарз бо истифода аз мушкилоти зиёди иҷтимоии маҳаллаҳо, роҳандозӣ мешавад.