Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон мегӯяд, ки дар марз бо Ироқ 5 узви гурӯҳи тундрави курдҳоро ба қатл расондаанд.
13 июн сипоҳ дар эъломияи худ навиштааст, ки ин панҷ нафар узви Ҳизби зиндагии озоди Курдистон будаанд ва онҳо бештар аз як моҳ пеш 3 узви гурӯҳи ниманизомии Басиҷро ба қатл расондаанд.
Дар эъломияи Сипоҳ омадааст, ки ин панҷ узви гурӯҳи террористии курдҳо дар минтақае бо номи Сардашт дар Ироқ пайдо ва кушта шудаанд. Дар бораи ин ҳодиса ҷузъиёти бештар дода нашудааст.
Ин гурӯҳи курдӣ ба Эрон тааллуқ дорад, вале дар Ироқ ҷой гирифтааст ва бо Ҳизби коргарии Курдистони Туркия ё Пи Кей Кей иртибот дорад.