Ҳушдори Олмон дар мавриди сафари вакилони турктабор ба Туркия

Дар пайи боло гирифтани таниш миёни Туркия ва Олмон бар сари қатъномаи ба расмият шинохтани "наслкушии арманиҳо", вазорати умури хориҷии Олмон ба намояндагони турктабори парлумони ин кишвар дар мавриди сафар ба Туркия ҳушдор дод. Хабаргузории Ройтерз рӯзи шанбеи 12-уми июн ба нақл аз ҳафтаномаи Spiegel навишт, ки вазорати умури хориҷии Олмон ба намояндагони турктабори парлумони ин кишвар эълон кардааст, ки дар сурати сафар ба Туркия, замонате барои амнияти онҳо вуҷуд надорад. Дар ин замина чанд тан аз вакилони турктабор гуфтаанд, ки сафари кории худро ба Туркия лағв кардаанд. Гуфта мешавад, ки ин вакилон номаҳои таҳдидомез дарёфт кардаанд.

Парлумони Олмон рӯзи 2-юми июни соли равон тарҳеро ба тасвиб расонд, ки бар пояи он, аз ин пас дар Олмон куштори арманиҳо дар даврони Ҷанги Ҷаҳонии Аввал аз сӯи императории усмонӣ "наслкушӣ" номида мешавад. Туркия пас аз фурӯпошии императории усмонӣ дар соли 1924 аз сӯи Мустафо Камол, маъруф ба "Отатурк" таъсис шуд.

Дар вокуниш ба ин масъала, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, 11 намояндаи турктабори парлумони Олмонро, ки ба ин қатънома раъйи мувофиқ дода буданд, "террористҳое" бо "хунҳои олуда" хонд ва таҳдид кард, ки онҳо бояд "озмоиши хун" бидиҳанд. Хабаргузории Ройтерз ҳамчунин навиштааст, ки Ҷем Оздемир, раҳбари турктабори Ҳизби сабзҳои Олмон ҳам, ки аз тарафдорони ин қатънома буд, ба марг таҳдид шудааст. Ҳукумати Туркия ҳамчунин ба ин тасмими Олмон ба таври шадид эътироз кард ва сафири худро аз Берлин фаро хондааст.

Муаррихон мегӯянд, ки замони ҷанги якуми ҷаҳон туркҳои усмонӣ тақрибан 1,5 миллион арманиҳоро эъдом кардаанд ва ин нахустин ҳодисаи наслкӯшӣ ё генотсид дар қарни 20 буд. Аммо Туркия инро рад мекунад ва мегӯяд, ки Арманистон теъдоди қурбониёни ҷанги шаҳрвандиро аз ҳад зиёд нишон медиҳад. Анкара иддао дорад, ки дар ин ҷанг даҳҳо ҳазор туркҳо низ ҷон бохтаанд.