Вокуниши Маскав ба вуруди киштии Амрико ба баҳри Сиёҳ

Акс аз бойгонӣ

Вазорати хориҷаи Русия гуфт, Маскав вуруди киштии Амрико ба баҳри Сиёҳ бо ҳадафҳои мушаххасношударо бепосух нахоҳад гузошт. Артиши баҳрии Амрико гуфт, киштии USS Porter рӯзи 6 июн тибқи нақшаи маъмулӣ вориди обҳои баҳри Сиёҳ шудааст. Аммо Андрей Келин, як мақоми аршади вазорати хориҷаи Русия гуфт, ин кишти бидуни мувофиқа бо Маскав вориди баҳри Сиёҳ шудааст ва “ин ба чораҳои ҷавобӣ хоҳад овард.” Келин ҳамин тавр, истиқрори киштиҳои ҳавопаймобари Амрико дар баҳри Миёназаминро намоиши нирӯ номид ва гуфт, ки ин ҳама равобити ба далели рафтори Русия дар Украинаву Сурия бе ин ҳам танишолудаи Маскаву Вашингтонро пуртаништар мекунад.