Нирӯҳои амниятии Қазоқистон рӯзи 10 июн 5 ҷангии эҳтимолиро дар шаҳри Оқтеппа дар ғарби ин кишвар ба ҳалокат расондаанд. 5 рӯз пеш дар Оқтеппа дар ҷараёни ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ ба ду мағозаи силоҳфурӯшӣ ва як қисми низомии Горди миллии Қазоқистон дастикам 20 нафар кушта шуда буд.
Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон бо нашри як баёния гуфт, як воҳиди нирӯҳои вижаи амниятӣ рӯзи 10 июн ба манзиле дар Оқтеппа ҳамла оварда, 4 “террорист”-ро куштанд. Бино ба ин ин баёния, як марди дигар дар кӯча алайҳи пулис тир кушодааст ва дар натиҷаи оташи ҷавобӣ кушта шудааст.
Ба гуфтаи мақомот, дар тирандозиҳои рӯзи 10 июн дар Оқтеппа касе аз аҳолии осоишта ва нирӯҳои интизомӣ осеб надидааст.
Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гуфт, ҳадафи амалиёти рӯзи ҷумла афроди гумонбар ба ҳамлаҳои рӯзи 5 июн буд. Ин ниҳод бидуни овардани кадом рақами мушаххас афзуд, ки нирӯҳои амниятӣ ба таъқиби гумонбарони боқимонда дар ин ҳамлаҳо идома медиҳанд.
Мақомот то ҳол гурӯҳи масъули ҳамлаҳои Оқтеппаро мушаххас накардаанд, вале онҳоро “тундравони мазҳабӣ” ном мебаранд. Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 8 июн бо нашри як баёния дар сомонаи расмиаш гуфт, ҳамлагарон пайравони як равияи тундрави мазҳабӣ буданд ва аз хориҷ раҳнамоӣ мегирифтанд.