Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, бо ҳамтои русаш Николай Патрушев вазъи минтақа, таҳдидҳо аз он сӯи Омӯ ва ҳамкории низомии ду кишварро баҳс кардааст. Ин мулоқот рӯзи 9 июн сурат гирифта, ҷонибҳо, инчунин, масъалаи иштироки шаҳрвандон дар ҳайати созмонҳои террористӣ ва муҳоҷирати кориро баррасӣ намудаанд. Дидори Абдураҳим Қаҳҳоров бо Николай Патрушев дар ҳошияи мушовараи Шӯрои амнияти Тоҷикистону Русия баргузор шудааст. Дар ин мушовара намояндагони вазорати дифоъ, вазорати корҳои дохилӣ, кумитаи амнияти миллӣ, ФСБ ва вазорати меҳнати Тоҷикистону Русия иштирок кардаанд.