Фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико генерал Ҷозеф Л.Вотел дар ҳафтаи оянда аз Тоҷикистон боздид мекунад. Тибқи иттилои сомонаи расмии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, генерал Вотел рӯзҳои 14-15 июн аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард. Барномаи сафар ва мулоқотҳои фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико ҳанӯз эълон нашудааст.
Тоҷикистон бо Афғонистони ҷангзада ҳудуди 1400 километр марзи мустақим дорад ва Амрико то кунун ба таври фаъолона ба хотири тақвияти низоми ҳифозати ин марзи тӯлонӣ ба Тоҷикистон ёриҳои фаннии низомӣ мерасонад.