Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон гуфт, ки ҳамлаҳои охири ҳафта дар шимоли ғарби Қазоқистон аз ҷониби тундравҳо аз хориҷи кишвар раҳнамоӣ шуда буд.
Дар эъломияе, ки дар торнамои раёсати ҷумҳурӣ 8 июн чоп шудааст, Назарбоев гуфтааст, ки ниҳодҳои амниятӣ ва ҳифзи тартибот “барои пешгирӣ аз аъмоли ҷиноӣ ва нобудаию хунсо кардани террористҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешидаанд”.
Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки дар аъмоли ҳамоҳангшудаи террористӣ аз тарафи афроди мусаллаҳ, яъне дар ҳамла ба мағозаи фурӯши аслиҳа, ба бинои Горди миллӣ, ба шӯъбаи пулис 20 нафар кушта шудаанд. Иддао мешавад, ки 13 нафари онҳо ҳамлакунандагон будаанд. Шумораи захмиҳо ба 37 нафар мерасад.
9 июн дар Қазоқистон мотами миллӣ эълон шудааст ва Назарбоев гуфтааст, ки бо дастури вай ба хонаводаҳои қурбониёни ин амали террористӣ кӯмакҳои ҳамаҷониба расонда мешавад.
Назарбоев ин ҳамлаҳоро нишонаҳои “инқилобҳои ранга” номид, ки дар Гурҷистону Украина ва дар Қирғизистон рух дод.