Субҳи имрӯз, чоршанбеи 8 июн пас аз 20 сол расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох» дар ноҳияи Данғара дубора ба фаъолият оғоз кард. Дар маросими ба фаъолият оғоз кардани ин расадхона, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуд. Раиси ҷумҳур, ба кор даромадани ин таҷҳизоти астрономиро боз як падидаи нек барои рушди илм арзёбӣ карда ва гуфтааст, ки “олимон шароити боз ҳам бештар пайдо менамоянд, ки корҳои илмиашонро дар сатҳи байналмилалӣ ба анҷом расонида, дар илми ситорашиносӣ, яъне омӯзиши ҷирмҳои кайҳонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд”
Расадхонаи байналмилалии “Санглох”-и Академияи Илмҳои Тоҷикистон дар маҳалли Санглохи ноҳияи Данғара дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон хароб шуда буд. Фарҳод Раҳимзода, раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон дар моҳи апрели соли ҷорӣ аз барқарор шудани расадхонаи “Санглох” хабар дода ва гуфта буд, ки ҳоло ба навсозии пойгоҳи зилзилашиносии “Симиганҷ” шурӯъ кардаанд.
Зимнан, ҳоло дар Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон се расадхонаи илмӣ: расадхонаи “Ҳисор” дар баландии 730 метр, расадхонаи «Санглох» дар баландии 2300 метр ва расадхонаи «Помир» дар баландии 4350 метр дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият мекунанд.
Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох», ки дар масофаи тақрибан 150 километр дар ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, соли 1977 таъсис ёфтааст, бо хусусияти ҷойгиршавӣ ва тарзи фаъолияти худ дар ҷаҳон беназир аст. Соли 1995 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон ба ин расадхона мақоми байналмилалӣ дода шуд.
Расадхонаи мазкур дорои телескопи нодире мебошад, ки соли 1980 аз кишвари Олмон оварда шудааст ва объектҳои андозаашон 10- сантиметрро дар масофаи 40 ҳазор километр аз сатҳи Замин дида метавонад. Соли 1985, дар вақти наздикшавии навбатии кометаи Галилей ба Офтоб, аксҳои нахустини он дар расадхонаи «Санглох» гирифта шуда буд.
Мавзеи ҷойгиршавии расадхона низ аз лиҳози амалияи илмӣ барои гузаронидани мушоҳидаҳои астрономӣ ниҳоят мусоид мебошад. Зеро дар ин мавзеъ шумораи шабҳои соф дар як сол ба 230 расида, акси ситораҳо ба воситаи телескопи ин расадхона хуб намудор мешавад.
Бар асари мухолифатҳои оғози солҳои 90-уми асри гузашта ин дастгоҳи нодир дар ҳолати корношоямӣ қарор дошт ва бо дарназардошти аҳаммияти бузурги илмӣ ва байналмилалӣ доштани расадхона, инчунин имкониятҳои таҷҳизоти он барои гузаронидани мушоҳидаҳои астрономӣ, омӯзиш ва таҳқиқи ҷирмҳои хурди низоми офтобиву кометаҳо ва монанди инҳо аз ҷониби ҳукумат маблағи зарурӣ ҷудо гардид ва бо ҷалби мутахассисони ватаниву хориҷӣ фаъолияти он барқарор карда шуд.