Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ( ОДКБ ё СПАД) рӯзи 7 июн гуфт, танҳо аз 6 кишвари узви ин созмон ҳудуди 10 000 нафар дар Сурия меҷанганд. Бордюжа гуфт, дар ин созмон дақиқан медонанд, ки аз Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон чанднафарӣ дар Сурия меҷанганд. СПАД дар ҳоли ҳозир Русияву Арманистону Беларус, Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистонро дар меҳвари Маскав муттаҳид мекунад. Мақомоти Тоҷикистон қаблан шумори ҷангҷӯёни тоҷик дар Сурияву Ироқро ҳудуди 1100 нафар баршумурда, гуфтанд, ки то имрӯз дар бораи ҳалокати тақрибан 300 шаҳрванди тоҷик дар он ду ҷанги бегона гузориш шудааст.