Мақомоти Қазоқистон ба шикори дастикам 6 тан аз ҳамлагарони боқимонда дар шаҳри Оқтеппа дар ғарби ин кишвар идома медиҳанд. Ба гуфтаи пулис, дар ҳамлаҳои рӯзи 5 июн ба ду мағозаи силоҳ ва қисми низомии Горди миллӣ 19 нафар, аз ҷумла 13 ҳамлагар, се раҳгузар ва се тан аз нирӯҳои Горди миллӣ кушта шуданд. Дастикам 5 тани дигар алакай боздошт шудаанд. Дар Оқтеппа режими “амалиёти зиддитеррор” идома дорад ва мақомот бархе корхонаҳоро баста, аз мардум ҳам хостаанд, ки дар хонаҳояшон бимонанд. Вазорати корҳои дохилаи Қазоқистон рӯзи 7 июн гуфт, нирӯҳои интизомӣ дар саросари кишвар дар ҳолати омодабош боқӣ мемонанд, вале бо ин вуҷуд, “вазъ дар Оқтеппа ва соъири кишвар таҳти назорат қарор дорад.”