9 июн - рӯзи намози ҷанозаи Муҳаммад Алӣ

Сухангӯи хонаводаи муштзани шӯҳратёр Муҳаммад Алӣ гуфт, намози ҷанозаи ин қаҳрамони бокс тибқи қоидаҳои мусалмонӣ рӯзи 9 июн дар варзишгоҳи Луисвилл дар аёлати Кентакки доир хоҳад шуд. Маросими намози ҷанозаи Муҳаммад Алӣ дар варзишгоҳи «Freedom Hall», ки 19 000 ҷои нишаст дорад, барои ҳама боз аст. Муҳаммад Алӣ дар солҳои 60 ба дини Ислом пайваста буд. Боб Гуннел, сухангӯи хонаводаи муштзани шӯҳратёр гуфт, Муҳаммад Алӣ қариб даҳ сол пеш ба таҳияи нақшаи маросими дафнаш пардохта буд ва мехост, ин маросим «ҳаёти ӯ ва тарзи ҳаёти ӯро мунъакис кунад» ва барои намояндагони тамоми ақвому тамоми нажодҳо боз бошад. Маросими бузургтари видоъ бо Муҳаммад Алӣ рӯзи 10 июн доир мешавад. Дар ин маросим намояндагони динҳои Ислом, Масеҳӣ, буддоӣ, Мормонизм ва Католикизм ширкат мекунанд. Ҳамчунин қарор аст, дар расми видоъ бо қаҳрамони бокси ҷаҳон раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон, малики Урдун Абдуллоҳи дувум ва раисиҷумҳури собиқи Амрико Билл Клинтон ширкат ва суханронӣ кунанд. Муҳаммад Алӣ рӯзи 3 июн дар синни 75 даргузашт. Ӯ қариб 30 сол боз аз бемории Паркинсон ранҷ мебурд.