Ангезаҳои то ҳол норӯшани ҳамлаҳои Оқтеппа

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, шумори кушташудаҳо дар ҳамлаҳои рӯзи 5 июн дар шаҳри Оқтеппа ба 19 нафар расид. Сухангӯи пулис Алмос Садубоев рӯзи 7 июн гуфт, 13 тан аз кушташудаҳо ҳамлагарон, се нафар аз Горди миллӣ ва сеи дигар аз мардуми осоиштаанд. Даҳҳо тани дигар дар ҳамлаҳои 5 июн маҷрӯҳ шудаанд. Ба гуфтаи Садубоев, 4 тан аз ҳамлагарон захмӣ ва 8 тани онҳо дастгир шуда, боз 7 ҳамлагар таҳти таъқиб боқӣ мемонанд. Ӯ афзуд, вазъ дар Оқтеппа ором шуда, нақлиёти ҷамъиятӣ ва мағозаву дӯконҳо ба таври маъмулӣ кор мекунанд. Вале нирӯҳои амниятӣ дар саросари Қазоқистон, ба гуфтаи сухангӯи вазорати умури дохила, дар ҳолати омодабош боқӣ мемонанд. Мақомот аз эҳтимоли даст доштани ҷангҷӯёни исломӣ дар рӯйдодҳои Оқтеппа ҳадс мезананд, вале далелҳои овардаашон норӯшан буда, дар бораи ангезаҳои ин ҳамлаҳо низ сӯҳбате намешавад.