Бино ба омори расмӣ, шумори донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳҳои хориҷӣ аз ҳисоби ҳукумати Тоҷикистон таҳсил мекунанд, аз марзи 30 000 нафар гузаштааст. Ин ба истиснои ҳазорон толибилми дигари тоҷик аст, ки аз ҳисоби худ барои таҳсил ба хориҷ рафтаанд.
Бино ба ҳисобҳо, донишҷӯёни тоҷик бештар дар мактабҳои олии Русия, Беларус, Амрико, Чин, Туркия ва қисме дар донишгоҳҳои Аврупо таҳсил мекунанд. Ҳафтаи гузашта дар назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Шӯрои Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” таъсис дода шуд.