Ҳилларӣ Клинтон ба ҳадаф як қадам наздиктар шуд

Ҳилларӣ Клинтон, собиқ вазири умури хориҷии Амрико, дар праймеризи Ҳизби демократ дар ҷазираҳои Вирҷин ва дар Пуэрто-Рико аз болои рақибаш Берни Сандерс пирӯз шуд. Ба ин васила хонум Клинтон ба дарёфти мақоми номзади ягонаи демократҳо дар интихоботи президенти ИМА наздиктар шуд ва акнун ба пуштибонии камтар аз 30 тан аз ҷонибдоронаш ниёз дорад – ба ӯ, дар маҷмӯъ, дарёфти 2383 раъйи интихобкунандагон зарур аст.

Интихоботи муқаддамотӣ ё праймеризи навбатӣ рӯзи 7 июн дар Калифорния баргузор мегардад.

Номи номзад ба мақоми президенти Амрико аз ҳизби демократро дар анҷумани миллии ҳизб, ки рӯзҳои 25 то 28 июли соли равон дар Филаделфия мегузарад, эълон хоҳанд кард.

Аз миёни номзадҳо аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп ба дарёфти раъйҳои зарурӣ муваффақ шуд. Номзади ин ҳизбро расман дар анҷумани ҳизб рӯзҳои 18 то 21 июл дар Кливленд эълон мекунанд.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико рӯзи 8 ноябри соли равон баргузор хоҳад шуд.