Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ки кормандони полиси шаҳри Оқтеппа дар идомаи амалиёти вижаи зиддитеррористӣ боз панҷ тан аз афроди ҷиноятпешаро ҳадафи тир қарор дода, ду нафари дигарро дастгир карданд.
Амалиёти вижа рӯзи якшанбе баъд аз ҳамлаҳо ба як муассисаи низомӣ ва ду мағозаи силоҳ дар ин шаҳри воқеъ дар шимолу ғарби Қазоқистон, ки мунҷар ба ҳалокати шаш нафар шуд, сурат гирифт. Мақомот гуфтанд, ки ҳамларо як гурӯҳи исломгаро созмон додааст.
Вазорати умури дохилии Қазоқистон рӯзи 6 июн изҳор намуд, ки “вазъ дар Оқтеппа мӯътадил аст, ширкатҳо ва нақлиёт чун пештара кор мекунанд».
Аз ин пеш вазорат дар бораи кушта шудани чаҳор тан аз ҳамлагарон ва боздошти ҳафт нафари дигари онҳо хабар дода буд.
Расонаҳои маҳаллӣ рӯзи душанбе навиштанд, ки ҳама мағозаҳои силоҳ дар кишвар бастаанд, мағозаҳои силоҳ дар Оқтеппа, Остона, Алмаато ва Оқтой таҳти назорат қарор доранд.
Рӯзи 5 май дар шаҳри Оқтеппа якбора чанд ҳамла сурат гирифт. Як гурӯҳ ба мағозаи силоҳ силоҳ ҳамла карда, як муҳофиз ва фурӯшандаро кушт. Се тан аз гурӯҳи корманди полис, ки ба ҷойи ҳодиса расиданд, ҷароҳат бардоштанд.
Дар ҳамла ба дигар мағозаи силоҳ як харидор ба ҳалокат расид. Дар задухӯрд се тан аз ҳамлагарон кушта шуданд.
Гурӯҳи сеюм автобусеро рабуда онро ба дарвозаи қароргоҳи Горди миллӣ зад. Дар ин ҳамла се низомӣ ва як нафар аз ҳамлагарон ҷон бохтанд.
Сабабҳои ҳамла дар шаҳри Оқтеппа то ҳол маълум нест.
Оқтеппа шаҳри саноатии воқеъ дар садкилометрии марз бо Русия аст ва он ҷо соли 2011 нахустин ҳамлаи террористӣ дар Қазоқистон сурат гирифта буд.