Ҳамлаи мусаллаҳона ба мағозаи силоҳ ва бинои низомӣ дар Оқтеппа

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ки дар тирандозии мардони мусаллаҳ 3 нафар кушта, дастикам 9 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин тирандозӣ дар мағозаи фурӯши аслиҳаи оташфишон ва таҷҳизоти низомӣ ва дар як қитъаи низомӣ дар шаҳри Оқтеппа рух додааст.

Амалиёти “зиддитеррористӣ” идома дорад. Хабаргузории Интерфакс аз қавли сухангӯи пулис гузориш додааст, ки дарбони мағоза дар ин ҳамла кушта шудааст. Сипас як афсар ва посбони бино ҳангоми баргардонидани ҳамлаи қотилон кушта шудаанд.

Бино ба гузоришҳо, ҳамаи афроди захмӣ аз нируҳои амниятӣ будаанд. Баъзе хабаргузориҳо шумораи кушташудагонро 20 нафар нишон додаанд.

Дар гузоришҳои матбуотӣ аз қавли пулис омадааст, ки 5 июн як ҳамлакунанда боздошт шудааст ва 3 нафари дигар дар тирандозии ҷавобии нируҳои амниятӣ ба қатл расидаанд.

Вазорати корҳои дохилаи Қазоқистон ҳодисаи тирандозӣ дар шаҳри Оқтеппаро таъйид кард, вале дар бораи ҷузъиёти он тавзеҳот надод. Хабаргузории Ройтерз аз қавли Алмас Садубаев-сухангӯи ин вазорат гузориш додааст, ки ҳамлакунандагон “пайравони ҷунбиши тундрави мазҳабӣ” будаанд.

Садубаев гуфтааст, ки 9 нафар низомиён низ дар ин ҳамла ҷароҳат бардоштаанд.