Корхонаи металҳои рангаи "Покрӯд" ифтитоҳ шуд

Корхонаи металҳои рангаи "Покрӯд" ба фаъолият оғоз кард, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик, дар марҳилаи аввал 1300 кг ва дар марҳилаҳои баъдӣ то 2 тонна тилло истеҳсол мекунад. Ин корхона дар ҷамоати Баҳори шаҳри Ваҳдат аз тарафи як соҳибкор бо номи Абуалӣ Исматов ва бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд шудааст. Гуфта мешавад, ки ин корхона идомаи хати истеҳсолии корхонаи ғанигардонии маъдаи Покрӯд, воқеъ дар ҷамаоти деҳори Ромити шаҳри Ваҳдат мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 4-уми июн зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ин корхона гуфтааст, ки дар он дар як шабонарӯз 65 ва дар як соли 21 450 тонна консентрати флотатсионӣ коркард мешавад ва баъди ба истифода додани марҳилаи дувум, тавоноии коркарди маъдан ба 130 тонна дар як шабонарӯз ва дар як сола 42900 тонна мерасад ва пас аз коркарди пурраи маъдан, тиллои тоза истеҳсол карда мешавад.

Дар ин корхона ҳоло 900 нафар кор мекунанд, ки 600 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва боқимонда аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд. Корхонаи Покрӯд соли 2003 ташкил шуда ва то соли 2013 давоми даҳ сол барои корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ ва корҳои техтикӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашӣ 49 миллион доллар сарф шудааст.

Бино бар санҷишҳои пешакии саридораи «Геологияи тоҷик» дар кони тилои «Покрӯд» беш аз 100 тонна тиллои холис вуҷуд дорад. Ин кон дар 120-километрии шаҳри Душанбе дар қаламрави ноҳияи Ваҳдат ва қаторкӯҳҳои Тиён-Шон воқеъ аст.

Тоҷикистон дар гузашта низ барои истихроҷи захираҳои маъдани худ, аз ҷумла тило аз сармоягузориҳои хориҷӣ истифода мекард. Аз ҷумла корхонаи муштараки истихроҷи тилои «Зарафшон» нахуст бо иштироки ширкати бритониёӣ ҳанӯз соли 1994 таъсис ёфта буд, ки 49 дарсади фоидаи онро Тоҷикистон ва боқимондаашро ширкати бритониёӣ мегирифт. Ҳамакнун қисме ин корхонаро низ ширкати Zijin Mining Group-и Чин харидорӣ карда, 75 дарсади саҳмияҳои онро дар ихтиёр дорад ва 25 дарсади боқимонда моли давлати Тоҷикистон аст.

Истихроҷи тило як риштаи муҳим дар саноати маъдани Тоҷикистон ба шумор меравад. Тавлидоти корхонаҳои тило бахусус барои такмили захираи тилову асъори кишвар - як омили умдаи таъмини суботи қурби пули миллӣ - пураҳамият ном бурда мешавад.

Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 15 кони тилои захираҳояшон мушаххасшуда вуҷуд дорад. Бино ба иттилои идораи “Геологияи тоҷик”, ҷамъи захираҳои ин 15 кон, ки аксаран дар шимоли Тоҷикистон ва дар кӯҳистони Помир ҷойгир шудаанд, ҳудуди 400 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар канори ширкатҳои хориҷӣ дар саноати истихроҷи тилои Тоҷикистон чанд ширкати маҳаллӣ, аз ҷумла “Тилои тоҷик” ва “Одина” низ амал мекунанд.