Боронгариҳо дар Фаронсаву Олмон идома хоҳанд ёфт

Ҳавосанҷҳо идома ёфтани боронгариҳои шадид дар Фаронсаву Олмонро пешгӯӣ мекунанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, то 3 июн дар ин ду кишвар бар асари обхезӣ дасти кам 10 нафар ба ҳалокат расида, ҳазорон нафар барои тарки хонаҳояшон маҷбур шудаанд.

Дар Порис сатҳи рӯдхонаи Сена торафт боло меравад. Ин гуна вазъ кормандони осорхонаи Луврро водор сохт, ки баъзе аз ёдгориҳои нодирро аз таҳхонаҳо ба ҷойи амн интиқол диҳанд.

Дар пойтахти Фаронса ва гирду атрофи он беш аз 24 ҳазор хона бебарқ мондааст. Раисиҷумҳур Франсуа Ҳолланд дар минтақаҳои бештар осебдида вазъи фавқулодда ҷорӣ намуд.

Дар Олмон обхезӣ бештар ба манотиқи ҷанубӣ, аз ҷумла, ба Бавария ва Рейнланд-Пфалтсе осеб расонд. Дар ин манотиқ ҳам чанд нафар аз обхезӣ ба ҳалокат расиданд.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ба хонаводаҳои қурбониён изҳори ҳамдардӣ намуд ва гуфт, вокуниш ба офати табиӣ собит кард, ки олмониҳо дар вазъи душвор як ҷону як тан мешаванд.