Раиси кумитаи қонунгузории Шӯрои Федеросиюн – маҷлиси болоии парлумони Русия гуфтааст, ки Шӯрои Федеросиюн ҷараёни таҳқиқи занозании хунин дар оромгоҳи Хованскоеро таҳти назорати парлумонӣ мегирад. Андрей Клишас рӯзи 1 июн дар пайи мулоқот бо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов гуфтааст, ки “мо таъмини назорати пурраи парлумониро ба ин хотир вазифаи худ медонем, ки таҳқиқот дар чорчӯби қонун анҷом шавад, то манзараи воқеан дурусти ҳодиса ба даст биояд ва онҳое, ки дар воқеъ гунаҳкоранд, бахусус дар куштани мардум, тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашонда шаванд.” Имомуддин Сатторов ба дунбол изҳори умед кардааст, ки амали 5 шаҳрванди тоҷики дар чорчӯби ин парванда ҳабсшуда дар ниҳоят дифоъ аз худ арзёбӣ мешавад ва онҳоро озод хоҳанд кард. Дар занозании рӯзи 14 май дар оромгоҳи Хованское байни коргарони тоҷики ин бузургтарин оромгоҳи Маскав ва як гурӯҳи ҷиноӣ 3 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 нафар, аксаран мардикорони тоҷик, захмӣ шуданд. Раҳбари собиқи оромгоҳ Юрий Чабуев рӯзи 1 июн расман ба ташкили куштор айбдор шуд. Аммо мақомот 5 тан аз коргарони тоҷикро низ барои ду моҳ ҳабс кардаанд.