Мақомоти “Росселхознадзор”-и вилояти Оренбурги Русия мегӯянд, ки танҳо тайи 5 рӯз – аз 25 то 30 май – 17 мошин бо 289 тонна борро ба марзи Русия роҳ надодаанд. Ин борҳо, иборат аз 60 тонна мавиз, 40 тонна зардолу, 20 тонна пиёз, 60 тонна биринҷ, 35 тонна гелос, 20 тонна лаблабу, 15 тонна олу, 20 тонна писта, 18,6 тонна хурмо аз Тоҷикистону Қирғизистону Узбакистон ва Қазоқистону Эрон барои фурӯш ба Русия бурда мешуд. “Росселхознадзор” мегӯяд, ин мошинҳоро ба далели надоштани асноди лозим ба Қазоқистон пас гардондаанд. Ин идора дар баёнияаш афзудааст, ки аз аввали сол танҳо дар марзи Оренбург бо Қазоқистон 107 мошин бо 1633 тонна маҳсулоти мухталиф ба қаламрави Русия роҳ дода нашуданд. Як бахши аъзами ин борҳо меваҳои тозаву хушкест, ки аз Тоҷикистон ба Русия интиқол дода мешуд.