Ду раҳбари ҲНИТ ба ҳабси абад маҳкум шуд

Тоҷикистон ду раҳбари ҳизби дар ин кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ)-ро ба ҳабси абад ва 12 тани дигар аз аъзои баландпояи ин ҳизбро ба мӯҳлати аз 2 то 28 сол маҳкум ба зиндон кард. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 2 июн муовинони раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайитро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард. Танҳо вакили собиқи ҳизб Зарафо Раҳмонӣ, ки дар ҷараёни мурофиа ба зидди аъзои дигари раёсати ҲНИТ баёнот додааст, ба мӯҳлати 2 сол ва бақия ба муддати аз 14 то 28 сол маҳкум шудаанд. Мурофиаи раҳбарони ҲНИТ пушти дарҳои баста гузашт. Наздикони маҳкумон мегӯянд, онҳо иттиҳомоти зиддашон эълоншударо рад карда, аз додгоҳ ҳукми сабуктар хоста буданд. Мақомоти Тоҷикистон ҳизби наҳзатро ба даст доштан дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015, ки аз ду тараф беш аз 40 кушта ба ҷо гузошт, айбдор мекунанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар пайи саркӯб шудани ошӯби Назарзода фаъолияти ҲНИТ-ро ҳамчун “созмони ифротӣ ва террористӣ” манъ кард. Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, ки феълан дар хориҷ ба сар мебарад, ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ошӯби Назарзода танҳо баҳонае барои бастани ҳизби наҳзат ва таъқиби аъзояш аз сӯи мақомоти Тоҷикистон шуд.