Миралӣ Камолов, сардори Раёсати назорати эпедимиологии ин Хадамот панҷшанбеи 2-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 26-уми май ба хотири нобуд кардани ҳашароти зараррасон дар бинои мактаби шумораи 3-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин заҳрдоруҳои навъи «Алфациперметрин»-и панҷдарсадӣ ва «Нуриел Д» –и панҷоҳдарсадӣ пошида мешавад. Ба гуфтаи ин масъули хадамоти беҳдоштӣ, он шаб бояд тирезаҳои мактаб боз мешуданд, аммо масъулин анҷоми ин корро фаромӯш карданд.
«Маълум шуд, ки барои безараргардонии ҳашарот 140 грамм аз ин навъи доруҳоро дар 20 литр об омехта карда, дар масоҳати 830 метри мураббаи мактаб мепошанд. Аз сабаби он, ки ҳамон шаб тирезаҳо пӯшида мемонанд, зарарнокии ин заҳрдоруҳо бисёр мешавад. Субҳи 27-уми май хонандагони бузургсол дарсро хонда, бе ягон эҳсоси дард ба хонаҳояшон бармегарданд. Аммо пас аз нисфирӯзӣ дар навбати дуюми таълимӣ, 25 нафар хонандаҳои синфи 2 то 4, бегоҳ пас аз дарс бо аломатҳои заҳролудшавии сабук бо нишонаҳои нафастангӣ, сурхшавии чашм, ва обравӣ аз чашму бинӣ, ба бемористон муроҷиат карданд.»
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба гуфтаи ҷаноби Камолов, субҳи 2-уми июн 12 нафар такрорӣ бо чунин аломатҳо ба беморхона муроҷиат карданд, ки ин ҳам аз таъсири ин навъи заҳрдору будааст. Ин масъули Хадамоти беҳдоштӣ мегӯяд, ин 12 нафар хонандагон масъунияти паст доштаанд ва бо вуҷуди як бор табобат гирифтан, дубора бемор шудаанд.
Аммо Миралӣ Камолов мегӯяд, ҳанӯз таҳқиқи ҳодисаи беҳушшавии хонандагон дар деҳаи Суфиёни Ваҳдат ба поён нарасидааст. Ба гуфтаи вай, ҳоло маълум нест, ки хонандагони мактаби деҳи Суфиёни Ваҳдат аз чӣ ба ин ҳол афтодаанд. Онҳо гули садбаргро бӯй кардаанд, вале ҳоло ташхисҳо пурра собит накардааст, ки дар таркиби он гул кадом навъи заҳрдору вуҷуд доштааст. Шояд ташхиси онҳо, ба гуфтаи масъулон то даҳ рӯзи баъд маълум шавад.
Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳафтаи гузашта ба гуфтаи мақомоти вазорати тандурустӣ, беш аз 50 тан аз хонандагони мактаби шумораи 3-и деҳаи Хоҷағалтони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз таъсири доруи зидди пашша (Нурел Д) заҳролуд шуда буданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз қавли мақомоти маҳаллӣ дар ин ноҳия мегӯяд, ки баъди ҳодисаи беҳушшавии дубораи хонандагон дар ин мактаб дар нимаи дувуми рӯзи 1-уми июн, ҳамакнун дарсҳо барои се рӯз мутаваққиф шудаанд ва мактабхонҳои осебдидаро ба бемористони марказии ин ноҳия интиқол додаанд.
Ширин Зарифова, хонандаи синфи 2-и ин мактаб рӯзи панҷшанбеи 2-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дирӯз баъд аз нисфирӯзӣ ҳини дарс сару чашмонашро дард гирифт ва беҳуш шуд ва дар саҳни синфхона афтид. Ширин мегӯяд, ки ӯ ва ҳудуди даҳ нафар аз хонандагони синфҳои гуногуни ин мактабро дирӯз ба бемористон интиқол доданд. Ӯ мегӯяд, ки вазъаш назар ба дирӯз беҳтар аст, аммо ҳанӯз худро бемадор ҳис мекунад.
Саид Аҳмадов, заҳршиноси тоҷик мегӯяд, бо эҳтимоли зиёд хонандагони мактаби Хоҷағалтон, ки дубора беҳуш шудаанд, бори аввали муроҷиат, дуруст табобат нагирифтаанд. Ин заҳршиноси тоҷик бо дарназардошти собиқаи кориаш мегӯяд, ҳодисаи беҳушшавии хонандагон дар деҳаи Суфиёни Ваҳдат ва деҳаи Хоҷағалтони ноҳияи Шоҳин бо эҳтимоли зиёд аз заҳрҳои мавсум ба “пайвастагиҳои фосфорӣ” рух додаанд.
-Инро заҳролудшавӣ бо роҳи нафас меноманд. Хлорофос, Дидфос, Карбафос ва навъҳои гуногуни пайвастагиҳои фосфорианд, ки ҳангоми нафаскашӣ инсонро беҳуш мекунад. Бо роҳи нафас аз бухоршавии он инсон зиён мебинад. Агар миқдораш зиёд бошад, ба ҷигар, шуш зиён мерасонад. Тахмин мекунам, ки ҳангоми гарм будани ҳаво ин заҳрҳо бухор шудаанд. Чун дар таркиби ин заҳрҳо фосфор ҳаст, он ба кашишхӯрии мушакҳо оварда мерасонад, ки дар пайи он оби чашму бинӣ мерезад. Дар сурати фавран табобат нагирифтан, ба майнаи сар, ғадудҳои дарунӣ, ҷигар, гурда таъсири бади худро мерасонад.,-гуфт,ӯ.
Аҳмадов мегӯяд, ҳангоми истифода аз ин заҳрдору қоидаҳо риоя нашудаанд ва бо эҳтимоли зиёд меъёри он аз андоза бештар будааст. Ба гуфтаи ӯ, вақте заҳрдору пошида мешавад, беҳтар аст дар зарфи як шабонарӯз он ҷо одам набояд нафас кашад. Аз сӯи дигар Аҳмадов мегӯяд, дар сурати заҳрнок шудани муҳит аз чунин заҳрдору, дар он ҷо набояд 12 рӯз иҷозаи вуруди инсонҳоро дод:
“Пас аз 12 рӯз дар фазои боз ин заҳрдоруҳо таъсирашон гум мешавад. Дар деҳаи Хоҷағалтон шояд бори аввал дуруст табобат нагирифтаанд. Агар як бор табобат бигиранд, дигар он хуруҷ нахоҳад кард. Аз тарафи дигар, то 12 рӯз таъсири ин заҳрдоруҳо дар муҳит боқӣ мемонад ва набояд хонандагонро он ҷо дубора бубаранд”.
Мақомоти маҳаллӣ мегӯяд, ки комиссияи вижа барои тафтиши ин ҳодиса ташкил шудаааст ва дар бунгоҳи тиббии деҳаи Хоҷағалтон барои кӯмак ба хонандагоди осебдида, ситод амал мекунад. Гуфта мешавад, як нафар аз хонандагон, ки вазъаш сангин будааст, ба бемористони шаҳри Кӯлоб интиқол дода шудааст.