Созмони байналмилалии ҳуқуқи инсон Human Rights Watch аз мақомоти Украина даъват кардааст, ки фавран таҳримҳои эълоншуда зидди раҳбарони ВАО-и Русияро лағв кунанд.
Рӯзи 27 май Петр Порошенко, президенти Русия, фармонеро имзо кард, ки бар асоси он 17 раҳбари расонаҳои Русия то 31 декабри соли 2017 ҳаққи дохил шудан ба қаламрави ин кишварро надоранд.
Дар ин рӯйхат номи мудири кулли "Первый канал" Константин Эрнст, молики холдинги "Правда.Ру" Вадим Горшенин, мудири кулли хабаргузории ТАСС Сергей Михайлов, мудири кулли пешини телевизиони LifeNews Ашот Габрелянов ва сармуҳаррири телевизиони Russia Today Маргарита Симонян ҳам ҳаст.
Дар изҳороти ҳомиёни ҳуқуқ омадааст, Украина узви Конвенсияи Аврупо дар бораи ҳимояи ҳуқуқи инсон ва Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи сиёсию шаҳрвандӣ аст, ки барои ҳимоят аз озодии баён равона шудаанд.
Human Rights Watch аз Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва кишварҳои дигари шарики Украина даъват кардаанд, то ба мақомоти Киев бифаҳмонанд, ки ба маҳдудиятҳои ноҷо даст назанд.