Як мудофеи ҳуқуқи башари Қирғизистон, ки Алмосбек Атамбоев-раиси ҷумҳури ин кишварро ба додгоҳ кашидааст, барои бозпурсӣ ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват карда шудааст.
Толекан Исмоилова-раҳбари созмони ҳуқуқи башари мавсум ба “Бир Дунё” 1 июн ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки ин даъватро рад кардааст ва гуфтааст, ки бидуни фиристодани даъватномаи расмӣ даъват эътибор надорад.
Бино ба гуфтаҳои Исмоилова, чунин кори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо фаъолияти касбии вай иртибот дорад. Исмоилова ва яке дигар аз мудофеони номдори ҳуқуқи башар Азиза Абдурасулова ахиран Алмосбек Атамбоевро барои аз онҳо дар ҳузури мардум “харобкор” ном бурдан ба додгоҳ кашидаанд.