Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар суҳбат бо "Комсомолская правда" гуфтааст, мақомоти Украина аз иҷрои масъулиятҳояш бароиба эътидол овардани вазъи Донбасс канораҷӯӣ мекунад.
Ба гуфтаи вай, гӯиё ин чизро на танҳо Олмон ва Фаронса, иштирокдорони гуфтушуниди Украина дар "формати нормандӣ", балки ИМА ҳам дарк кардааст.
"Ҳоло ногаҳон масъалаи амният барои Петр Порошенко, президенти Украина бисёр муҳим шуда, на танҳо қатъи даргириҳо, балки таъмини амният тавассути кадом як нерӯи байналмилалӣ дар тамоми қаламрави Донбассро хоҳон аст", - мегӯяд Лавров. Вале вай таъкид кард, ки ин масъала дар қарордоди Минск зикр нашудааст ва Донбасс ҳам ба он розӣ намешавад
Лавров ҳамчунин қайд намуд, ки то ҷанбаъҳои сиёсии буҳрон ҳалли худро наёбанд, таъмини амният дар шарқи Украина имконнопазир хоҳад буд.
Михаил Ковал, муовини котиби Шӯрои амнияти миллии Украина рӯзи душанбе гуфт, раҳбарияти Русия бо нигоҳ доштани "мақсадҳои таҷовузкоронааш нисбати Украина" мунтазам ва пайваста имкониятҳои ҳалли мусолиматомези низоъи Донбассро аз байн мебарад.
Ковал тасдиқ намуд, ки Русия нерӯҳояшро дар самтҳои стратегии ғарбӣ ва ҷанубу ғарбӣ, аз ҷумла наздикии марзҳои Украина тақвият медиҳад.