Лаҳистон раванди истирдоди таҳиягари маъруф Роман Полански ба Амрикоро аз сар мегирад. Полански барои таҷовуз ба номуси Саманта Геймери 13-сола дар Амрико дар соли 1977 айбдор мешавад. Ӯ соли 1978 ба хотири муҷозот нашудан Иёлоти Муттаҳидаро тарк кард.
Вазири адлияи Лаҳистон Збигнев Зебро рӯзи 31 май дар сӯҳбат бо радиои давлатӣ гуфт, ки ба Додгоҳи Олӣ барои лағви қарори додгоҳи шаҳри Краков дар бораи худдорӣ аз истирдоди Полански ба Амрико, муроҷиат хоҳад кард.
Додгоҳи Краков моҳи октябри соли гузашта қарор кард, ки Полански ба ИМА таслим карда шавад ва додситонҳо аз ин қарор пуштибонӣ карданд. Он вақт додгоҳ ҳамчунин тафтишоти муқаддамотӣ дар ИМА дар баробари таҳиягари маъруфро танқид карда, додрасу додситонҳои амрикоиро дар нақзи қоидаҳои баррасии одилонаи додгоҳӣ айбдор намуда буд.
Збигнев Зебро ин тасмими додгоҳро “аҷиб” номид ва дар бораи бознигарии он хабар дод.
Роман Поланскии 82-сола филмҳои зиёде, аз ҷумла, “Корд дар об”, “Бунбаст”, Кӯдаки Розмарӣ” ва “Маҳаллаи чинӣ”-ро таҳия кардааст. Филми ӯ “Пианист” дар бораи сарнавишти ҳунарманди маъруфи лаҳистонӣ Владислав Шпилман соли 2003 соҳиби ҷоизаи “Оскар” шуда буд.