Оғози ҳамлаи нирӯҳои Ироқ ба Фаллуҷа

Мақомоти низомии Ироқ аз оғози ҳамла ба шаҳри Фаллуҷа, ки таҳти назорати ҷангҷӯёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” қарор дорад, хабар доданд. Хабарнигорон мегӯянд, рӯзи 30 май аз маҳаллаи Наймия дар ҷануби Фаллуҷа садои тӯпу тирборон ба гӯш мерасид. Бовар меравад, ки дар ин шаҳри аксаран суннинишини воқеъ дар ҳудуди 70-километрии ғарби Бағдод тақрибан 50 000 сокинонаш дармондаанд. Нирӯҳои Ироқ,ки аз сӯи шибҳанизомиҳои шиъаи таҳти ҳимояти Эрон ва ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи таҳти раҳбарии Амрико пуштибонӣ мешаванд, рӯзи 22 май амалиёти Фаллуҷаро шурӯъ карданд. Як афсари Ироқ рӯзи 29 май гуфт, нирӯҳои давлатӣ тайи ҳафтаи аввали ин амалиёт алакай 80 фоизи қаламрави атрофи Фаллуҷаро ба даст овардаанд. Фаллуҷа моҳи январи соли 2014 нахустин шаҳри Ироқ буд, ки аз сӯи “Давлати исломӣ” тасарруф шуд. “Давлати исломӣ” як созмони тундгарои мазҳабист, ки дар қаламравҳои ишғолкардааш дар Ироқу Сурия эълони ба ном “хилофат” кардааст. Фаъолияти ин гурӯҳ дар кишварҳои зиёд, аз ҷумла дар Тоҷикистон манъ шудааст.