Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи 29 май дар маросимҳои бахшида ба садсолагии набарди Верден, тулонитарин набард дар замони ҷанги якуми ҷаҳон, ширкат хоҳанд кард. Қарор аст онҳо дар оромгоҳи Верден дар Фаронса, ки он ҷо даҳҳо ҳазор нафар сарбозон макони охират пайдо кардаанд, гулчамбарҳо гузоранд.
Набарди Верден миёни нерӯҳои Фаронса ва Олмон рӯзи 21 феврали соли 1916 шурӯъ шуд ва 18 декабри ҳамон сол поён ёфт. Дар задухӯрдҳо беш аз 300 ҳазор нафар аз ду тараф ба ҳалокат расиданд. Талоши артиши Олмон барои забти Верден ноком шуд.
Қарор аст, ки Франсуа Ҳолланд ва Ангела Меркел ёдбуди қурбониёни набарди Верденро барои намоиш додани ваҳдату ягонагӣ дар Иттиҳодияи Аврупо истифода кунанд – ҳоло Иттиҳодия ба мушкили марбут ба муҳоҷират ва эҳтимоли ихроҷи Бритониё аз он рӯбарӯ шудааст.
Хонум Меркел қабл аз шурӯи маросимҳо рӯзи 29 май гуфт, ки даъват шуданаш ба Фаронса баёнгари робитаҳои хело хуби феълии Порису Берлин аст.