Ҳалокати 45 муҳоҷир дар соҳилҳои Италия

Бар асари ғарқ шудани як сафина дар баҳри Миёназамин дасти кам 45 муҳоҷир ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар беному нишон шудаанд. Мақомоти ҳифзи соҳили Италия рӯзи шанбе хабар доданд, ки ин ҳодиса рӯзи 27 май ба вуқӯъ пайваст.

Киштии италиявии Вега дар як амалиёти ҳамоҳангшудаи нерӯҳои ҳифзи соҳилҳо тақрибан 135 нафар аз мусофирони сафинаҳои резиниро наҷот дод. Ҷасади 45 нафар аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ ошкор шуда, ҷустуҷӯи даҳҳо нафари дигар аз сӯи наҷотбахшони Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ идома дорад.

Гуфта мешавад, рӯзи сеюм аст, ки дар бораи ҳалокати муҳоҷирон дар соҳилҳои Италия хабар мерасад.

Ба гуфтаи масъулини Хадамоти ҳизфи соҳилҳои Италия ҳавои гарм ва баҳри нисбатан ором одамони зиёдеро барои аз Либия ба Аврупо расидан таҳрик медиҳад ва аз ин қоҷоқбароне истифода мебаранд, ки дар Либия озодона фаъолият доранд. Бисёр муҳоҷирон, ки боре дар умаршон шиноварӣ накардаанд ва тарзи истифодаи жилетҳои наҷотбахширо намедонанд, барои аз роҳи баҳрӣ ба Аврупо расидан садҳо ё ҳазорҳо доллар пардохт мекунанд.