Убуру мурури мошинҳои борбар осон шудааст

Марзи Тоҷикистон ва Узбакистон дар ноҳияи Конибодом.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои аз миён бардоштани монеаҳо ҳангоми аз Узбакистону Афғонистон ва Қирғизистону Чин ворид шудани мошинҳои борбар ба қаламрави Тоҷикистон системаи иттилоотӣ – коммуникатсионӣ барои гумрук ва нақлиётро ҷорӣ карда ва онро мавриди амал қарор додааст.

Қурбонхон Саидов, сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёт рӯзи 27-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ин иқдом имкон медиҳад бору колое, ки дар мошинҳои борбар ҷой доранд, дар шакли электронӣ ба хадамоти гумрукии кишварҳое, ки бояд убур кунанд, фиристода мешавад ва ҳангоми тафтишоти гумрукӣ, вақти зиёд зоеъ намешавад: “Табодули электронии маълумот байни хадамоти гумрук дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалӣ роҳи беҳтарин дониста мешавад ва мушкилоти ҳамлу нақли бору коло аз миён меравад.”

Вай гуфт, ҳоло тарҳи “барқарории табодули ҳисоботи электронӣ миёни хадамоти гумрукҳо ва роҳандозии он дар кишварҳои Осиё Марказӣ мавриди баррасӣ қарор дорад ва кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон --Узбакистон, Чин ва Афғонистон ин системаро расман қабул доранд.

Ронандаҳои борбари тоҷик қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки дар тӯли ҳар сафарашон, ки се моҳ идома мекунад, танҳо барои убури марзи Узбакистон се рӯз маътал мешавад. Онҳо гуфтад, ки бояд 1650 километрро давоми 72 соат дар қаламрави Узбакистон тай кунанд ва агар дар ин муддат аз хоки ин кишвар набароянд, барои ҳар рӯзи дер кардан 70 доллар ҷарима месупоранд.

Дар асоси тартиботи убуру мурур, ронандаҳои тоҷик бояд дар се рӯз аз қаламрави Узбакистон хориҷ шаванд. Ронандаҳои қирғиз 5 шабонарӯз, туркҳо 20 рӯз ва русҳо як моҳ ҳаққи будубош дар Узбакистонро доранд. Маҳз муҳлати кӯтоҳ ва роҳи тӯлонии Узбакистон боис ба мушкилоти ронандаҳои тоҷик дар кишварҳои дигар мешавад.