Мулоқоти Ҷӣ-7 дар Ҷопон оғоз ёфт

Раҳбарони кишварҳои пешрафтаи санъатии ҷаҳон бо номи Гурӯҳи 7 ё Ҷӣ-7 дар Ҷопон 26 май мулоқоти дурӯзаи худро оғоз карданд. Дар ин мулоқот беҳбуди вазъи иқтисоди ҷаҳон дар маркази таваҷҷуҳ қарор хоҳад дошт.

Интизор меравад, ки раҳбарони кишварҳои Амрико, Британия, Фаронса, Олмон, Италия, Канада ва Ҷопон масъалаҳои дигар, аз ҷумла масъалаҳои паноҳҷӯён , терроризм, амнияти интернетӣ ва амнияти обиро баррасӣ кунанд.

Қабл аз оғози нишаст раҳбарон дар Шинто аз маҳалли муқаддаси мазҳабӣ бо номи Исе Йингу боздид карданд.

Ин боздидро мунаққидон зиддунақиз арзёбӣ карданд ва мегӯянд, ки Шинзо Абе-нахуствазири Ҷопонбарои ризояти ҷонибдорони муҳофизакори худ мехоҳад арзишҳои миллии худро зинда кунад.

Қарор аст, 27 май Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз Ҳирошимо боздид кунад. Ин нахустин боздиди раиси ҷумҳури Амрико аз ин шаҳр баъд аз партоби бами ҳастаӣ ба ин шаҳр мебошад.