Одилхон Мянхел, намояндаи тиҷоратии Покистон дар Тоҷикистон, низоми раводидро яке аз монеаҳои аслӣ барои рушд наёфтани ҳамкории тоҷирони ду кишвар унвон кард. Ӯ рӯзи 24 май дар ҳамоише дар Душанбе гуфт, ҳарчанд роҳи миёни Душанбе ва Исломбод чандон тӯлонӣ нест, аммо додугирифти тиҷоратии онҳо дар сатҳи хеле паст қарор дорад.
“Ин чанд сабаб дорад. Якум, ҳамкориҳои тиҷоратӣ иртиботи наздики одамонро талаб мекунад. Дар иртиботи мардум бо якдигар пеш аз ҳама ҷорӣ будани раводид таъсир дорад. Вақте низоми раводид аз баён бардошта шавад, мардум аз наздик бо ҳам иртибот мекунанд ва эътимод ба ҳам зиёд мешавад,” – афзуд Мянхел.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 24 май дар намоишгоҳи “Корвони тиҷоратии Покистон” дар Тоҷикистон оғоз ёфта, 25 май низ идома хоҳад кард. Тариқ Иқбол, сафири Покистон дар Душанбе, ҳангоми ифтитоҳи ин намоишгоҳ гуфт: “Роҳбарияти ҳарду кишвар дар се соли оянда хостори то 500 миллион доллар боло бурдани гардиши мол миёни кишварҳоянд. Маҳз ба ҳамин хотир дар Душанбе се намоишгоҳ ва бизнес-форуми соҳибкорӣ ташкил карда шуд.”
Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон низ гуфт, ташкили парвозҳои мустақим аз Душанбе то Лоҳур ва оғози сохтмони хатти интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон “яке аз дигар аз қадамҳои устувор барои рушди ҳамкорӣ миёни ду кишвар аст”.
Дар “Корвони тиҷоратии Покистон” ширкатҳо маҳсулоти ғизоӣ, нассоҷӣ, чармӣ, ороишӣ ва либосро ба намоиш гузоштаанд.
Феълан додугирифт миёни Тоҷикистону Покистон каме бештар аз 65 миллион долларро ташкил медиҳад. Соли 2014 ин рақам бештар аз 80 миллион доллар буд. Дар гузашта аз ин кишвари Оиёи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон асосан семент ворид мешуд, ки дар пайи ба истифода додани корхонаҳои бузурги семент дар Тоҷикистон дар соли 2015 воридоти ин маҳсулот аз Покистон ба кишвар хеле кам гардидааст.
Ҳоло аз Покистон мева, картошка, маҳсулоти ороишӣ ва бо теъдоди кам маҳсулоти нассоҷӣ ворид мешавад. Ангур ва нахи пахта маҳсулоти асосии содироти Тоҷикистон ба Покистон боқӣ мондааст.