Аслов бо Комилов дар Тошканд мулоқот кард

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, бо ҳамтои узбакаш Абдулазиз Комилов дар Тошканд мулоқот кардааст. Дар ин бора рӯзи 24 май дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод. Бино ба ин хабар, ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон табодули назар кардаанд.

"Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон барои рушди фарогир ва мунтазами ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон ба ҳайси ҳамсояи наздиктарини худ, дар заминаи ҳусни эътимоди тарафайн манфиатдор аст," -- омадааст дар хабари расмии Вазорати корҳои хориҷӣ.

Сироҷиддин Аслов барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) дар Тошканд қарор дорад.