Мусодираи 16 килограмм симоб дар Суғд

Бино ба иттилои дафтапи матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ду марди 29-сола ба гумони қочоқи симоб боздошт шудаанд.

Ин афрод симобро дар назди яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҳудуди ҷамоати Исфисори ин ноҳия ба арзиши 500 доллар фурӯхтаанд.

Дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтишот идома доштааст.