Эрон хоҳони сармоягузории бештари Амрикост

Муҳаммад Ҷавод Зариф

Муҳаммад Ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон 21 май аз Амрико хост, то сармоягузоронро ташвиқ кунад, ки бо Теҳрон кор кунанд. Ин суханон як рӯз баъд аз изҳороти қудратҳои ғарбӣ садо дод. Онҳо гуфтанд, ки онҳо ҳамкориҳои қонуниро бо Эрон аз сар мегиранд.

Муҳаммад Ҷавод Зариф зимни суханони худ дар нишасти хабарии Теҳрон гуфт, Амрико бояд барои сармоягузориҳо дар Эрон тадбирҳои ҷиддӣ ва мушаххас биандешад.

Зариф гуфт, дар давоми даҳсолаи гузашта ҳамкориҳои иқтисодии Эрон бо кишварҳои дигар дар шароите будааст, ки бо назардошти сиёсатҳои хасмонаи Амрико ва таҳримҳо сурат мегирифт.

Таҳримҳои байналмиллалие, ки бар зидди Эрон барои барномаҳои ҳастаиаш ҷорӣ шуда буд баъд, аз тавофуқоти соли 2015 аз миён бардошта шуд ва ин тавофуқот моҳи январи соли ҷорӣ ба иҷро даромад.

Вале Амрико баъзе таҳримҳоеро, ки бо фаъолиятҳои махфии гурӯҳҳои мусаллаҳи Эрон дар Ховари Миёна иртибот дорад, ҳамчунин нигоҳ медорад.