Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд гуфт, ҳавопаймои ширкати “EgyptAir”, ки субҳи 19 май дар баҳри Миёназамин аз экрани радарҳо ғайб зад, суқут кардааст. Ҳолланд, ки дар ҷаласаи изтирорӣ бо вазирони ҳукуматаш сӯҳбат мекард, гуфт, ягон фарзия дар робита ба иллатҳои суқути ин ҳавопайморо наметавон сарфи назар кард ваё дар мадди аввал гузошт. Вазорати хориҷаи Миср гуфт, дар робита ба суқути ҳавопаймо бо Фаронса табодули таслият кардааст.
Ҳавопаймои навъи Airbus A320, рақамаш MS804 бо 56 мусофир ва 10 узви экипаж, ки аз Порис ба Қоҳира парвоз мекард, субҳи 19 май баъди ворид шудан ба ҳарими ҳавоии Миср дар баландии 11 300 метр аз радарҳо ғайб зад. Мақомоти ҳавопаймоии Юнон гуфтанд, ки нозирони парвозаш ҳамагӣ чанд дақиқа қабл бо халабонҳои ҳавопаймо сӯҳбат доштаанд ва ҳама чиз хуб будааст. Вале вазири дифои Юнон Панос Камменос баъдан гуфт, ҳавопаймо якбора ба самти чап 90 дараҷа тоб хӯрда ва сипас 360 дараҷа ба тарафи рост гаштааст. Баъди ин, ба гуфтаи ӯ, ҳавопаймо то баландии 7000 метр пойин шуда, аз радарҳо ғайб задааст. Амалиёти ҷустуҷӯ бо ширкати низомиҳои Мисру Юнон дар баҳри Миёназамин идома дорад.