Марги як сокини Истаравшан дар чоҳ

Ҳангоми кофтани чоҳи панҷметрӣ дар Истравшани вилояти Суғд як сокини ин шаҳр фавтида ва ду нафари дигар дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол ёфтаанд. Масъулони бахши ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Истаравшан мегӯянд, ки ҳодиса рӯзи 18 май иттифоқ уфтодааст.

Ба иттилои манбаъ, Абдувалӣ Мирзокаримови 48-сола барои наҷоти писараш вориди чоҳ шуда, нафасгир гардидааст. “Онҳо тайи чанд рӯз барои обшор кардани заминҳои кишти назди хонаашон чоҳ мекофтаанд. Баҳром - писари Абдувалӣ Мирзокаримов барои дуруст кардани лӯлаи об вориди чоҳ шуда, беҳуш мешавад. Падараш мехоҳад, ки ӯро наҷот диҳад, вале худаш нафастанг шуда, ҷон додааст,” – афзуд манбаъ.

Масъулони бахши ҳолатҳои фавқулодаи Истаравшан мегӯянд, баъд аз он ки ҳамсояҳо аз падару писар ҳеч садое нашунидаанд, як нафари дигарро бо номи Назарқул Шодмонқулов дохили чоҳ мекунанд, ки ӯ низ беҳуш шудааст. Баъд ҳамсояҳо дар якҷоягӣ ҳар серо аз дохили чоҳ берун меоранд. Дар пайи ин Абудвалӣ Мирзокаримов фавтида ва писараш Баҳром Мирзокаримову ҳамсояаш Шодмонқул Назарқулов дар беморхона бистарӣ шудаанд.