Коргарони тоҷик аз ширкати эронӣ маоши 7-моҳаи худро талаб доранд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як гурӯҳ аз кормандони тоҷики ширкати эронии "Собир" аз дарёфт накардани маоши ҳафтмоҳа шикоят доранд. Ин коргарон мегӯянд, ширкати "Собир" аз моҳи июл то декабри соли гузашта онҳоро дар бозсозии нақби "Истиқлол” дар гарданаи Анзоб кор фармуда, аммо то ҳол маошашонро надодааст.