Қарор аст, ҳазорон нафар ақаллиятҳои ҳазора 16 май дар Кобул, пойтахти Афғонистон, барои як тарҳи интиқоли барқи чандмиллиондолларӣ раҳпаймоии эътирозӣ анҷом диҳанд. Пулис роҳҳои аслиро бастааст, то эътирозгарон ба Кохи раёсати ҷумҳурӣ наздик наоянд.
Раҳбарони ҳазораҳо мегӯянд, хатти интиқоли барқи 500-киловата, ки аз Туркманистон ба Кобул кашида мешавад, бояд аз маркази вилояти Бомиён бигузарад, зеро аҳолии зиёди ҳазора дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд. Ин хатти интиқоли барқ бояд тибқи нақша аз қаламрави вилояти Бомиён мегузашт, вале ҳукумат тасмим гирифтааст, ки онро аз ағбаи Соланг ба Кобул барад ва аз миллионҳо доллар сарфаҷӯӣ кунад.
Ба назар гирифта шуда буд, ки ин хатти барқ 10 вилояти Афғонистонро бо барқ таъмин кунад ва шабакаи Туркманистону Узбакистон ва Тоҷикистонро бо Афғонистону Покистон бипайвандад.