Вазирони дифои Озарбойҷону Гурҷистон ва Туркия дар шаҳри Қабалаи Озарбойҷон мулоқот ва машқҳои мушатараки низомиро баррасӣ карданд.
Баъд аз мулоқоти 15 май Зокир Гасанов-вазири дифои Озарбойҷон гуфт, барои боло бурдани омодагии низомии Озарбойҷону Туркия ва Гурҷистон мо фикр кардем, ки машқҳои муштараки низомӣ анҷом диҳем”.
Тина Хедашелӣ-вазири дифои Гурҷистон гуфт, “кишвараш изҳори омодагӣ карда, ки мизбони чанд машқи низомии аз ин қабил дар соли 2017 бошад”. Вай афзуд: “Мо ризоят гирифтем ва барои баҳори соли 2017 омодагӣ мегирем”.