Туркия ба рафту омади бидуни визо бовар надорад

Вазири Туркия дар умури Аврупо мегӯяд, кишвараш дар бораи дурнамои тавофуқ роҷеъ ба рафту омади бидуни раводид ё визо бо кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бовар надорад.

Вулкан Бозкир 13 май баъд аз мулоқот бо Ҷоҳаннес Ҳан-комиссари тавсеаи Аврупо дар Бруссел гуфт, “дар марҳилаи кунунӣ ман наметавонам бигӯям, ки мо ба ин хеле бовар дорем”.

Бозкир гуфт, музокирот вориди бунбаст шудааст ва Комиссиюни Аврупо бояд “роҳи нав”-и ҳали ин масъаларо пайдо кунад. Аврупо пофишорӣ дорад, ки Туркия бояд чанд омили калидӣ, аз ҷумла қонуни зиддитерроро қабул кунад.

Реҷеп Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия ин пешниҳодро рад кард ва Иттиҳодияи Аврупоро муттаҳам намуд, ки монеаҳои нав пеш гузоштааст.