Эълони саривақтии сел ҳаёти сокинони Рӯдакиро наҷот додааст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бомдоди 12-уми май садҳо манзили зист, роҳҳо ва майдонҳои кишти сокинони ноҳияи Рӯдакии канори Душанбе зери селу об монданд. Дар сӯҳбат бо хабарнигорони Радиои Озодӣ мақомдорони ноҳия иброз доштанд, ки онҳо соати сеи шаб мардумро аз омадани сел огаҳ карда буданд ва дар натиҷа касе осеб надид.