12 май дар Тоҷикистон бо ширкати намояндагони расмии Афғонистону Покистон ва Тоҷикистону Қирғизистон маросими расмии оғози кор дар тарҳи CASA-1000 баргузор шуд. Барои иҷрои ин тарҳ 1,7 миллиард доллар пешбинӣ шудааст.
Дар ин маросим Абдуллоҳ Абдуллоҳ-раиси иҷрои ҳукумати Афғонистон, Навоз Шариф-нахуствазири Покистон, Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Сооронбай Жеенбеков-нахуствазири Қирғизистон ширкат доштанд.
Шабакаи CASA-1000 1 222 километрро ташкил медиҳад ва аз ин шабака 1 300 мегават нируи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол меёбад. 300 мегавати он дар Афғонистон мемонад ва 1000 мегавати дигар ба Покистон меравад.
Тарҳи CASA-1000, ки ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯст, тибқи нақша бояд дар соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Ин тарҳро Амрикову Британия, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки сармоягузории Аврупо ва Бонки Исломии Рушд сармоягузорӣ мекунанд.