Росс: IMF бо вазъи иқтисодии Тоҷикистон ошно шуд

Яке аз мулоқоти ҳайати IMF дар вазорати молияи Тоҷикистон сурат гирифт

Рӯзи 11 май ҳайати Сандуқи байналмилалии пул ( IMF) боздидаш аз Тоҷикистонро анҷом дод. Дар ҷараёни сафари кории ҳайате ба раҳбарии Пол Росс ба Душанбе, ки аз 5 то 11 май идома дошт, мулоқоту музокирот бо мақомоти зидахли Тоҷикистон ҷараён гирифт. Дар як посухи мухтасари имейлӣ ба номи радиои Озодӣ Пол Росс, раҳбари ҳайати IMF дар Тоҷикистон навишт: "Ҳадафи сафари ҳайат ба Душанбе баррасии таҳаввулоти ахир дар иқтисоди Тоҷикистон, пешрафтҳои иқтисодӣ ва сиёсати иқтисодии Тоҷикистон буд". Дар дафтари ин ниҳоди молӣ дар Вашингтон таъкид карданд, ки дар маҳилаи кунунӣ ҳеҷ нафар аз масъулини ин ҳайат омода нестанд, ки барои матбуот роҷеъ ба тафсилоти дигари ин диду боздидҳо изҳори назар кунад. Эҳтимолан, баъди як ҳафтаи бозгашти ҳайат ба ИМА, изҳороти расмии IMF барои матбуот дар бораи натиҷаҳои сафари он ба Тоҷикистон пахш шавад.

Мақомоти тоҷик дар гузашта ишора кардаанд, ки аз ин ниҳоди байналмилалии молӣ дарёфти кӯмаки пулӣ интизоранд ва ҳаҷми ин кӯмакҳо дар ҳудуди 500 миллион доллар баровард шудааст. Маълум нест, ки то куҷо ин дархости Тоҷикистон пазируфта шуд ё на.

Ҳадди аққал ду мулоқоти ин ҳайат - рӯзҳои 5 ва 11 май бо раҳбарияти вазорати молияи Тоҷикистон баргузор шуд. Дар вебсайти ин вазорат рӯзи 11 май гуфта шуд, ки дар ҷараёни мулоқот бо вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён раҳбари ҳайати Сандуқи байналмилалии пул Пол Росс дар бораи натиҷаҳои сафари худ гузориш дод. Вале ин манбаъ ҳам тафсилоти ин дидору гуфтугӯҳоро нашр намекунад. Танҳо таъкид шудааст, ки мулоқот дар фазои созанда ҷараён гирифт ва тамаркузи аслӣ болои масъалаҳои сиёсати моливу андоз ва ҳам низоми бонкии Тоҷикистон равона шуд. Дар поёни нишаст Пол Росс машваратҳои худро ба Тоҷикистон ироа кард.