Бино ба пешгӯии Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, дар назар аст дар рӯзҳои аз 10 то 15 майи соли ҷорӣ дар бештари манотиқи кишвар борандагии шадид, жола, раъду барқ, дар манотиқи кӯҳистонӣ омадани сел ва фаромадани сангрезаю ярч рух диҳад.
Аз ин лиҳоз, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, дар ин давра аз сафар ба манотиқи осебпазир ва хавфнок худдорӣ кунанд.
Зимнан, рӯзи гузашта бар асари ҷорӣ шудани сел дар навоҳии Айнӣ ва Панҷакенти вилояти Суғд се нафар кушта шуда ва ба иқтисоди ин ноҳияҳо хисороти ҷиддӣ ворид шудааст.