Бадриддинова - номзад ба мақоми Омбудсмени кӯдак

Раҷабмоҳ Бадриддинова

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз порлумони кишвар хостааст, ки номзадии Раҷабмоҳ Бадриддиноваро ба раёсати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар кишвар тасдиқ кунад. Раҷабмоҳ Бадриддинова ҳоло ба ҳайси сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон кор мекунад.

Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ки ин пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 май дар Шӯрои палатаи поёнии порлумон баррасӣ шуда, қарор аст, дар ҷаласаи навбатӣ тасдиқ шавад. Дар сурати таъйиди номзадии Раҷабмоҳ Бадриддинова, ӯ ҳамзамон муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен низ кор карда, дар сурати набудани аввалӣ вазифаи ӯро иҷро хоҳад намуд.

Порлумони Тоҷикистон моҳи декабри соли гузашта бо ислоҳи қонун дар бораи Ваколатдори ҳуқуқи инсон заминаро барои таъсиси Омбудсмени кӯдак муҳайё кард. Бештари намояндагони порлумони таъсиси Ваколатдори ҳуқуқи кӯдакро дар Тоҷикистон як амри муҳим ва зарурӣ хонда ва гуфтанд, ки вазъи кӯдакону ноболиғон ба чунин иқдом водор кардааст.

Тибқи ин санад, Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак шахсе интихоб мешавад, ки дорои маълумоти олии ҳуқуқӣ буда, синнаш аз 35 болост. Дар назар аст, дар ҳамаи вилоятҳои Тоҷикистон ва дар бархе аз кишварҳои хориҷӣ намояндагиии Ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки Тоҷикистон таъсис шавад.Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак аз тарафи президент ва бо ризояти Маҷлиси Намояндагон таъин карда мешавад.